12 августи соли 2016 CAG (намояндагӣ дар Тоҷикистон) дар меҳмонхонаи Шератон дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон ба ифтихори намояндагон аз Африқои Ҷанубӣ, ки дар симпозиуми сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор: таъмин кардани дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт ширкат доштанд, зиёфат орост. Ин чорабинӣ як имконияти боз ҳам наздиктар кардани мардуми ин ду кишвар буд.



